Суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Панель управления для слабовидящих

Интерфейс
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.
Автор: WWW.PITI.TJ Дата публикации: четверг, 25 Январь, 2024 - 12:19

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар паёми навбатии Президенти мамлакат нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин, дастоварду пешравиҳои дар ҳафт соли охир ноилшудаи кишвар, бахусус, дар соли 2023 баён гардида, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд, ки барои соли 2024 ва солҳои минбаъда вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Роҳбари давлат додашуда равона созанд.

Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, вазифадор аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи супоришҳои қаблӣ тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.

Зарур аст, ки дар соли ҷорӣ ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт ба шумор меравад.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки корро дар самти боз ҳам такмил додани низоми идоракунии давлатӣ, ихтисори воҳидҳои сохтории зиёдатӣ ва бартараф намудани такроршавии вазифаҳо, пурра ба таври электронӣ ва фосилавӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои давлатӣ ба ҷомеа ва соҳибкорон пурзӯр намояд.

Дар ин раванд, ба истифодаи механизмҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ташкили «ҳукумати электронӣ» ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ зарур аст, ки то охири соли 2024 ҷиҳати омода намудани заминаи моддиву техникӣ, кадрӣ ва тавассути ташаккули низоми ягонаи ҳамгироӣ пурра амалӣ намудани табодули маълумот тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор менамоям, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда гузариши пурра ба иқтисоди рақамиро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намоянд.

Назорати иҷрои супориши мазкур ба зиммаи Муовини якуми Сарвазир Холиқзода Ҳоким вогузор карда мешавад.

Соли 2023 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии Ҳукумат ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ 11 миллиард сомонӣ маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушд ҷалб карда шуданд.

Бо вуҷуди ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо ҷиҳати зиёд кардани ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳарчанд ки дар соли 2023 фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо таъмин гардид, вале бо дарназардошти тамоюлҳои манфии иқтисоди ҷаҳон ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҳифзи амнияти озуқаворӣ минбаъд низ ҳамчун вазифаи басо муҳим боқӣ мемонад.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем.

Яъне имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин карда шавад.

Бо мақсади амалисозии фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои иловагии пешгирикунанда андешида, муътадилии нархҳоро дар соли ҷорӣ таъмин намоянд.

Соли 2023, бо вуҷуди дар сатҳи 103,5 фоиз иҷро шудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ, сифатнокии он аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ дар ҳаҷми 217 миллион сомонӣ таъмин нагардид, ки андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

Дар ин давра аз ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 17,4 миллион сомонӣ, «Тоҷиктелеком» 12,7 миллион, «Талко Голд» 18,4 миллион сомонӣ, неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 5,5 миллион сомонӣ, ширкатҳои мобилӣ 192 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо воридоти андозҳо таъмин нашудааст.

Инчунин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ташвишовар мебошад.

Нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳри Роғун 20,2 фоиз ва ноҳияи Дарвоз 8,4 фоиз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 38,4 миллион сомонӣ ворид нашуд.

Дар баробари ин, дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардидааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нашудааст.

Бо вуҷуди супоришҳои такрорӣ доир ба кам намудани бақияпулиҳои андоз ҳаҷми он ба ҳолати аввали соли 2024-ум ба 806 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 77,5 миллион сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар вилояти Хатлон 166 миллион сомонӣ, вилояти Суғд 59 миллион, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 миллион, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 105 миллион, шаҳри Душанбе 40 миллион ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 433 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки:

– якҷо бо Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷетро дар соли 2024 таъмин намояд;

– дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави даромад ба буҷет, инчунин, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои муассир андешад;

– барои таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, махсусан, дар самти пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ андешида, нақшаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро таъмин намояд;

– дар асоси талаботи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 барномаи миёнамуҳлатро барои солҳои       2024 – 2026 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Вазорати молия, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади татбиқи пурраи Фармони Президенти мамлакат доир ба пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, ки хизматрасониҳои муздноки давлатиро анҷом медиҳанд, низоми баҳисобгирии дохилии воридоти маблағҳо (низоми биллингӣ)-ро татбиқ карда, ҳамгироии онро бо низомҳои зарурии пардохт, инчунин, такмили пурраи инфрасохтори дохилиро таъмин намояд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дигар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани маош ва нафақаву стипендияҳо дар соли 2024 чораҳои саривақтӣ андешад.

Соли 2023 аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо дар самти хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба як қатор камбудиҳо роҳ дода шудааст.

Тибқи санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 зарари молиявӣ дар ҳаҷми 672 миллион сомонӣ ошкор гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Аз ҳаҷми умумии зарари молиявии ошкоргардида 660 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 504 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли сипаригардида зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомонӣ муайян ва ба буҷети давлат барқарор гардидааст.

Ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ супориш дода мешавад, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин намоянд.

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

Гарчанде дар соли 2023 қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пешниҳодшуда 19 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 32 фоиз зиёд шудааст, вале ҳаҷми онҳо нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 15 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳам кам мебошад.

Дар баробари ин, аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки қонеъкунанда нест.

Ба ҳолати охири соли 2023 қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкии кишвар 2,2 миллиард сомонӣ ё 12,5 фоизи сандуқи қарзиро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 608 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ, бонкҳои давлатии «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоративу саҳҳомӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат бо фоизи нисбатан паст, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ва кам кардани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо мебошанд.

Дар баробари ин, якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо дар самти тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар, аз ҷумла рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Тибқи фармони Президенти мамлакат оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз 1-уми августи соли 2023 пардохти ҳама намуди андозу пардохтҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ бояд ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад.

Вале санҷишу таҳлилҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар ҷараёни татбиқи фармони мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд.

Инчунин, ҳамгироии мубодилаи маълумот оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар байни сохтору мақомот мукаммал ба роҳ монда нашуда, дар низоми бонкӣ дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ то ба ҳол ғайр аз «корти миллӣ» истифодаи дигар намуди кортҳо маҳдуд мебошад).

Умуман, соли 2023 ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар пардохти молу хизматрасониҳо дар кишвар ҳамагӣ 20 фоизро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест.

Тавре дар Паёми Президенти мамлакат таъкид гардид, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо, инчунин, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар давоми ду сол низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Бонки миллӣ якҷо бо вазоратҳои адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ доир ба фароҳамсозии инфрасохтори мукаммали хизматрасониҳои бонкӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Хадамоти алоқа барои муҳайё намудани интернети баландсуръат ва таъмин кардани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар самти рушди иқтисоди рақамӣ чораҳои муассирро амалӣ намояд.

Назорати иҷрои супоришу вазифаҳои зикршуда ба зиммаи Муовини якуми Сарвазир Холиқзода Ҳоким вогузор карда мешавад.

Хотиррасон месозам, ки дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2022 доир ба ислоҳи камбудиҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуда буданд, аммо дар қисме аз онҳо иҷрои саривақтии нақшаи азхудкунии маблағҳо ҳанӯз таъмин нагардидааст.

Соли 2023 дар самти истифодаи мақсадноки маблағи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ низ як қатор камбудиҳо ба назар расиданд.

Дар рафти санҷишҳои аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронидашуда зарари молиявӣ дар ҳаҷми 36 миллион сомонӣ ошкор карда шудааст.

Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо супориш дода мешавад, ки амалисозии саривақтии лоиҳаҳоро таъмин намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2023 ба кишвар ба маблағи 29,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 4,4 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ 8,2 фоиз ё 2,4 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 64,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки корҳоро дар ин самт тақвият бахшида, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки гуногунсамтии ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ аз кишварҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ таъмин карда шавад.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати такмили методологияи омор ва низоми қабули сармояи мустақими хориҷӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, ташаккули низоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонии он чораҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар соли 2023 дар қаламрави мамлакат 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст.

Бо вуҷуди ин, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм 12 фоиз таъмин гардидааст, ки аз нишондиҳандаи мақсаднок 8 банди фоизӣ (20 фоиз) кам аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз 43 фоиз, Панҷ 25 фоиз, Бохтар 12, Гулистон 7,4, Сангвор 5,9 ва Роғун 4,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Инчунин, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои супоришҳои додашуда оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардидааст.

Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикобод, Нуробод ва Сангвор ягон корхонаи саноатӣ таъсис дода нашудааст.

Соли гузашта дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли баъзе молҳои саноатӣ коҳиш ёфтааст, ки ташвишовар мебошад.

Аз ҷумла истеҳсоли ангишт 13 фоиз, ҷуроб 32, газвор 4, қолин 10,3, пӯсти коркардшуда 33,5, пойафзол 8,7 ва либоси мактабӣ 5,4 фоиз кам гардидааст.

Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба соли қаблӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 фоиз, вилояти Хатлон 11,6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Таъминнокии он аз ҳисоби истеҳсоли худӣ дар кишвар ҳамагӣ 32 фоиз, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15, вилояти Суғд 39 ва вилояти Хатлон 43 фоиз амалӣ гардидааст.

Ҳамчунин, қисми зиёди маҳсулоти саноатие, ки имконияти истеҳсоли пурраи онҳо дар кишвар вуҷуд дорад, то ҳол аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми калон ворид карда мешавад, ки аз ҷониби масъулин иҷро нашудани супоришҳои қаблан дар ин самт додашударо нишон медиҳад.

Дар соли 2023 ба кишвар равған – 106 ҳазор тонна ба маблағи 980 миллион сомонӣ, нуриҳои минералӣ – 176 ҳазор тонна ба маблағи 650 миллион, маводи шустушӯӣ – 38 ҳазор тонна ба маблағи 550 миллион, уребча (подгузник) – 12 ҳазор тонна ба маблағи 352 миллион, пойафзол – 6 ҳазор тонна ба маблағи 170 миллион ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ – 29 ҳазор тонна ба маблағи 550 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.

Ҳамчунин, шоколад – 11,8 ҳазор тонна ба маблағи 460 миллион, маҳсулоти қаннодӣ – 21,2 ҳазор тонна ба маблағи 400 миллион (истеҳсоли худӣ 27,6 ҳазор тонна), макарон – 11,3 ҳазор тонна ба маблағи 250 миллион, консерваи меваю сабзавот – 10,5 ҳазор тонна ба маблағи 170 миллион, консерваи гӯштӣ – 4 ҳазор тонна ба маблағи 130 миллион, моҳӣ – 7,2 ҳазор тонна ба маблағи 160 миллион, маҳсулоти ҳасибӣ – 3,3 ҳазор тонна ба маблағи 110 миллион ва гӯшти мурғ – 2,8 ҳазор тонна ба маблағи 90 миллион сомонӣ воридот шудааст.

Махсус таъкид менамоям, ки соли гузашта дар кишвар 550 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардааст.

Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 151, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 132, шаҳри Душанбе 126, вилояти Суғд 123 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст.

Таъкид менамоям, ки агар барои ислоҳи чунин вазъият чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеаи ҷиддӣ пеш меояд.

Вобаста ба ин, муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки:

– ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда чораҳои муассир андешанд;

– дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ҷиҳати зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус, дар самти коркарди меваю сабзавот тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд;

– фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабиро таъмин созанд;

– якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва корхонаҳои соҳа барои пурра ба роҳ мондани коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маҳсулоти бофандагӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;

– дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои соҳа ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии соҳаи мебелсозӣ бо ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои нав чораҷӯйӣ намоянд;

– якҷо бо корхонаҳои соҳа коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар намудҳои маҳсулоти чармиро тақвият диҳанд;

- бо мақсади ба роҳ мондани коркарди пурраи маъдан дар дохили кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда ҳамкориро бо сармоягузорон дар самти роҳандозии иқтидорҳои нави коркарди маъдан тақвият дода, ҷиҳати таъмин намудани уҳдадориҳои вогузоршуда оид ба коркарди пурраи маъдани истихроҷшаванда дар дохили мамлакат чораҷуӣ намоянд;

– бо дарназардошти ба тартиб даровардани усулҳои идоракунӣ ва васеъ намудани таҷрибаи пайванди истеҳсолот бо илм дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор стандарти таъминоти кадриро ҷиҳати рушди саноат таҳия ва пешниҳод намоянд;

– бо дарназардошти зарурати навсозии технологияҳо ва таҷҳизоти истеҳсолӣ ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди механизми баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Таъкид менамоям, ки бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар соҳаи энергетика як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамоянд.

Соли 2023 талафоти неруи барқ ба 21,2 фоиз расида, ҷамъоварии маблағи истифодаи он 95,7 фоиз, аз ҷумла аз аҳолӣ 93,3 фоизро ташкил додааст.

Дар робита ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи Тоҷик» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» супориш дода мешавад, ки барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқро аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо таъмин намоянд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ ва пурра бо барқ таъмин кардани мардуми Тоҷикистон дар муҳлатҳои наздиктарин ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об бояд:

– ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои таҳияи асосноккунии              техникиву иқтисодии бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 – киловолтаи «Роғун – Сайҳун» ва сохтмони зеристгоҳи барқии   500 – киловолтаи «Сайҳун» дар вилояти Суғд чораҳои зарурӣ андешад;

– лоиҳаи стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд;

– лоиҳаи барномаи давлатӣ оид ба таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2030-ро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад;

– якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ корҳоро ҷиҳати соли ҷорӣ дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси сеюми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар шаҳри Душанбе тақвият бахшад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати дар соли 2032 ноил гардидан ба ҳадафи пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол намудани неруи барқ ва дар соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, корҳоро дар самти татбиқи саривақтиву сифатноки ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳа ҷоннок намояд.

Тавре дар Паёми Роҳбари давлат таъкид гардид, соли 2025 бояд агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шавад.

Вобаста ба ин, ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун», роҳбарону муҳандисони ширкатҳои фармоишгару пудратчӣ ва ҳамаи бунёдкорони неругоҳи «Роғун» зарур аст, ки корҳои сохтмонро суръат бахшанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида баланд бардоштани сатҳи сарбанд, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба истифода додани агрегати навбатӣ вазифаи муҳимтарин дар ин марҳалаи сохтмон мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо вуҷуди он, ки соли 2023 соҳаи кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд.

Аз ҷумла дар соли 2023 истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2022-юм 15 фоиз, гандум 8, ангур 39 ва пилла 43 фоиз кам гардидааст.

Соли сипаришуда дурнамои кишти пахта 12 фоиз ва картошка 23 фоиз таъмин нагардидааст.

Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан, дар самти истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин чораҳои саривақтӣ андешанд.

Бо дарназардошти вазъи камборишию хушкии имсола яхобмонии саривақтӣ, ниҳолшинонӣ ва иҷрои дигар корҳои мавсимиро таъмин намоянд.

Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо дарназардошти боду ҳавои номусоиди тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ ҷиҳати омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани 3 – 4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, ҳамчунин, доир ба таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои ғалладонагии репродуксияи баланд, инчунин, тухмиҳои ба иқлим мутобиқшуда ва парвариши навъҳои минтақабобгардидаи зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вазорати кишоварзӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати роҳандозии методологияи муосири ҳисоби арзиши аслии истеҳсоли пахта ва бо дарназардошти вазъи воқеии кишвар муайян кардани нархи фурӯши он чораҷӯйӣ намояд.

Соли 2023 коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо низ мушоҳида гардид.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 2218 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 23,6 фоиз, аз ҷумла помидор 14 ва бодиринг 36 фоиз коҳиш ёфт.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди гармхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои каммасраф ва агротехникаи муосири парвариши зироатҳо густариш бахшанд.

Илова бар ин, бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати кишоварзӣ дар баробари истеҳсоли карбамид ва суперфосфат ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намудҳои нурии минералӣ, аз ҷумла нуриҳои калийдор ва фосфорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Назорати иҷрои супоришу вазифаҳои зикршуда доир ба таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ ба зиммаи Муовини Сарвазир Зиёзода Сулаймон вогузор карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 90 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нишондиҳандаи баландтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми содироти молу маҳсулот 25 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2023 истеҳсол ва содироти маҳсулоти нимтайёр афзоиш ёфтааст, вале ин барои расидан ба ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат кофӣ нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 47 фоизи нишондиҳандаи содироти молҳо аз ҳисоби металлҳои қиматбаҳо ва 15,5 фоиз аз ҳисоби маъдану консентратҳо ташаккул ёфтааст.

Ҳанӯз ҳам қисми зиёди нахи пахта ва маъдану консентратҳо бе коркарди ниҳоӣ содирот шуда истодааст.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ 286 ҳазор тоннаро ташкил кардааст, аммо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Дар баробари ин, соли 2023 содироти сабзавот ва полезиҳо нисбат ба соли пешин 15,5 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 7 ҳазор, сабзӣ 5,6 ҳазор ва карам 2,6 ҳазор тонна кам гардидааст.

Содироти ин намуди маҳсулот аз вилояти Суғд 9,2 ҳазор тонна, вилояти Хатлон 3,6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,7 ҳазор тонна кам шудааст.

Ҳол он ки иқтидори кишвар барои содироти меваю сабзавот, бахусус, пиёзи барвақтӣ ниҳоят зиёд аст.

Бинобар ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии содирот ва вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021 – 2025 ҷараёни корҳоро ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави фурӯш, ташкили истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон вусъат бахшанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот лоиҳаи Барномаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2029-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Имрӯз тиҷорати электронӣ тақрибан 22 фоизи маҷмӯи савдои ҷаҳониро ташкил медиҳад ва тибқи таҳлилҳои коршиносон то соли 2040 ин нишондиҳанда то 95 фоиз афзоиш меёбад.

Ҳозирини муҳтарам!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 39,8 ва олии касбӣ ба 40,3 фоиз баробар аст.

Нишондиҳандаҳои зикршуда ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд.

Зеро тибқи стандартҳо агар нишондиҳандаи сифати таҳсилот то 50 фоизро ташкил диҳад, ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.

Дар чунин ҳолат омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, инчунин, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмиву педагогӣ ғайриимкон мебошад.

Чунин вазъият аз роҳбарону масъулини соҳа андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро талаб менамояд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва вазорату идораҳои марбута бояд фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷоннок намуда, доир ба мунтазам гузаронидани мониторинги сифати таълим чораҷӯйӣ намоянд.

Нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии босифат барои тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф мебошад.

Таҳлили вазъи афзоиши шумораи хонандагон, низоми маблағгузории нашри китобҳои дарсӣ ва истифодаи маблағҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар оянда хавфи ҷиддии норасоии китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад.

Масъалаи сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо, аз ҷумла инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамонро ман борҳо таъкид карда будам.

Вале ин масъала то ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки бо дарназардошти раванди азнавсозии мазмуни таҳсилот, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар заминаи хусусияту арзишҳои миллӣ, мувофиқ ба талаботи замони муосир ва пешрафту дастовардҳои илму техника ҷиҳати таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати бознигарӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бо дарназардошти принсипҳои асосии муносибати босалоҳият ба таълим, бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Саломатии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди пешравиҳои муайян, дар соҳа ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд, ки як қатор бемориҳои хусусияти махсусдошта аз ҷумлаи онҳост.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи беморони диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, дар соли 2023-юм 10 ҳазору 674 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 6950 нафар ё 65 фоиз зиёд мебошад.

Имрӯз дар кишвар шумораи беморони диабети қанд қариб ба 65 ҳазор нафар расида, фавт аз ин беморӣ дар соли 2023 ба 787 нафар баробар гардидааст.

Бинобар ин, Муовини Сарвазир Сатториён Матлубахон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуллозода Ҷамолиддин дар самти дарёфт намудани маблағҳои мақсаднок барои бо инсулин пурра таъмин намудани беморони гирифтори диабети қанд ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим барои пешгирии пайдоиши ин намуди беморӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Тибқи маълумот соли 2023-юм 1100 ҳодисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дарёфт ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 63 ҳодиса зиёд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат зиёда аз 16 ҳазор ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бо сабаби бемории норасоии масуният, бемории сил ва ғайра 4433 нафар ё 27,5 фоизи беморон фавтидаанд.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар самти дарёфти ҳодисаҳои нави сироят ба ин вирус, харидории тестҳои фаврӣ, аз ташхис гузаронидани шахсони никоҳшаванда, инчунин, дарёфти маблағҳои мақсаднок барои бо доруҳои зидди сил пурра таъмин намудани беморони гирифтори сил чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки сатҳу сифати омодасозии мутахассисон дар коллеҷҳои тиббӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нест.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷараёни таълим ва омодасозии мутахассисон дар коллеҷхои тиббиро зери назорати қатъӣ корор дода, донишу малакаи касбии хатмкунандагони онҳоро дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд.

Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.

Тибқи маълумот соли 2023 дар кишвар беш аз 230 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Аз ин шумора ҷойҳои кории доимӣ ҳамагӣ 79 ҳазор ё 34 фоизро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумот аз ҳисоби корҳонаҳои саноатии навтаъсис 4,8 ҳазор ва умуман дар саноат 20 ҳазор ҷойи кории нав, иловагӣ ва барқароршуда таъсис ёфтааст.

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи ҷойҳои нав, иловагӣ ва барқароршудаи корӣ дар соҳаи саноат нисбат ба соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 фоиз, вилояти Хатлон 2,1 фоиз, вилояти Суғд 27 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 0,4 фоиз кам гардидааст.

Танҳо дар шаҳри Душанбе рушди нишондиҳандаи мазкур 174 фоиз таъмин шудааст.

Яъне ҳолати зикршуда нишон медиҳад, ки раванди муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар аксари минтақаҳои мамлакат ба талабот ва имкониятҳои мавҷуда мутобиқ нест.

Инчунин, корҳо аз ҷониби сохтору мақомоти масъул дар самти рушди ҳунармандию косибӣ ҳамчун самти муҳимми бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.

Дар кишвар шумораи хунармандон ҳамагӣ 8041 нафар, аз ҷумла онҳое, ки бо косибӣ машғуланд, 3216 нафарро ташкил медиҳад, ки хеле ва хеле кам аст.

Дар вилояти Хатлон шумораи ҳунармандон 3330, аз ҷумла косибон 1332 нафар, дар вилояти Суғд мутаносибан 2647 ва 1056 нафар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1393 ва 557 нафар, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 556 ва 222 нафарро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ камбудиву монеаҳои дар ин самт мавҷударо ҳарчи зудтар бартараф созанд.

Вобаста ба ин, ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳунармандиву косибӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Ду сол пеш ман дар бораи таҳти сарпарастии аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ қарор додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо супориш дода будам.

Ҳоло муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа, Дастгоҳи иҷроияи Президент, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Раҳимӣ Фарҳодро вазифадор месозам, ки иҷрои супориши зикршударо баррасии ҷиддӣ ва назорат намоянд.

Муҳтарам аъзои Ҳукумат ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло зарур мешуморам, ки андешаҳои худро доир ба вазъи қонунияту тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, коррупсия, ҳолати мафкуравии ҷомеа, интизоми молиявӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини волоияти қонун иброз намоям.

Мувофиқи маълумоти ҷамъбасткардаи Прокуратураи генералӣ соли 2023 дар кишвар зиёда аз 21 300 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,1 фоиз кам буда, кушодашавии онҳо 75 фоизро ташкил додааст.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар давоми сол аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 283 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 422,5 килограмм (соли 2022-юм 243,5 килограмм) героин мусодира гардидааст.

Тайи соли гузашта танҳо аз ҷониби мақомоти прокуратура 3954 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз он 1137 парванда оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мебошад.

Зарари ба давлат, корхонаҳо ва шаҳрвандон расонидашуда танҳо аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ҳаҷми 1 миллиарду 212 миллион сомонӣ (соли 2022-юм 1 миллиарду 146 миллион сомонӣ) барқарор гардидааст.

Инчунин, қариб 18 000 гектар (соли 2022-юм 16032) замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки то ҳанӯз аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин ҷой дошта, соли гузашта 1311 (соли 2022-юм 1233) қарори ғайриқонунии онҳо бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда шудаанд.

Шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ 151, Кӯшониён 92, Бобоҷон Ғафуров 70, Ваҳдат 56, Шаҳринав 47, Истаравшан 46, Исфара 43, Восеъ 39, Конибодом 39, Деваштич 36, Турсунзода 34, Ҷаббор Расулов 33, Кӯлоб 33, Мастчоҳ 32, Ҷайҳун 32, Ашт 31, Норак 31, Абдураҳмони Ҷомӣ 31, Хоруғ 30, Файзобод 30, Варзоб 28, Шоҳмансур 26, Хуҷанд 25, Спитамен 25, Ҷалолиддини Балхӣ 25 қарор.

Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ аз 3 то 23 қарор бекор карда шудааст.

Дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳодисаҳои аз ҷониби роҳбарият ва баъзе кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шахсони алоҳида тақсимоти ғайриодилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ то ҳанӯз ҷой доранд.

Инчунин, ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши заминҳо, худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳоло ҳам аз байн нарафтаанд.

Умуман, дар як соли гузашта нисбат ба 161 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 5 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 4 меъмор, 25 корманди кумитаи идораи замин, 55 нафар корманди корхонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, 65 нафар раисон ва муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, 7 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ғайриқонунӣ додани замин, сохтакории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва қаллобӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, қариб 18 ҳазор гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Инчунин, ғасби беш аз 51 гектар заминҳои соҳаи маориф ошкор гардида, 25 гектари он (Шаҳритус 2,7 гектар, Ҷаббор Расулов 2,6, Бобоҷон Ғафуров 1,9, Истаравшан 1,8, Панҷ 1,8, Восеъ 1,6, Деваштич 1,4, Конибодом 0,90 гектар ва дигар шаҳру ноҳияҳо) ба ҳолати аввала баргардонида, 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар дораи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда корҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома доранд.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои зикршуда беш аз 11 000 иншоот бунёд гардидааст, ки 39 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша дар сатҳи паст қарор дорад.

Иҷрои нақша дар шаҳри Ваҳдат 27 фоиз, Тоҷикобод 27 ва Лахш 26 фоизро ташкил медиҳад.

Ба намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бори дигар таъкид менамоям, ки вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти ба нақша гирифташуда, сифати корҳои сохтмон, инчунин, ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъдаи онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бояд ин масъала, аз ҷумла риояи санъати баланди меъморӣ, нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо, сифати масолеҳи сохтмон ва бунёди иншооту шабакаҳои коммуникатсиониро тибқи меъёрҳои қабулшудаи муосир ҷиддӣ назорат намояд.

Тавре дар Паём таъкид гардид, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем.

Бинобар ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда корҳоро барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллии худ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳо вусъат бахшанд.

Дар ин раванд, ба рушди илму маориф, омодасозии кадрҳои донишманду баландихтисос, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамзамон бо ин, тибқи супориши дар Паёми Роҳбари давлат додашуда гурӯҳи кории доимӣ фаъолияти худро ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди соҳа, вусъати корҳои ободонӣ, назорати шароити зист ва машғулияти ҳар як оила ҳарчи зудтар оғоз карда, оид ба корҳои иҷрошуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намояд.

Роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вазифадор менамоям, ки дар муҳлати шаш моҳ тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳоро то манзили истиқоматии ҳар як оила ва то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин намоянд.

Дастгоҳи иҷроияи Президент баъди муҳлати зикршуда иҷрои супоришро ҳамаҷониба санҷида, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод созад.

Дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо доир ба иҷрои супориши мазкур роҳбарони ҳудуди дахлдор бетаъхир аз вазифа озод карда мешаванд.

Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҷдиди назар карда, нисбат ба шахсоне, ки дарахту буттаҳоро беасос мебуранд, табиатро хароб мекунанд, инчунин, ронандагону мусофироне, ки ба табиат, аз ҷумла шафати роҳҳо партоб меандозанд, меъёрҳои ҷазои сахт ворид карда шаванд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки аз берун ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки намуди зоҳирии ифлос дошта, симои пойтахти кишварро коста мегардонанд, воситаҳои нақлиёте, ки газҳои зараррасони ихроҷкунандаашон аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад, инчунин, дар ҳудуди пойтахт ҳаракат кардани мошинҳои боркаше, ки масолеҳу борҳои интиқолшавандаи онҳо бо чодари махсус пӯшида нашудааст, қатъиян манъ карда шавад.

Соли ҷорӣ сафари расмии роҳбарони якчанд давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон ва чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки сарони даҳҳо кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки ба масъалаи ободу сабзкории пойтахт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва суръат бахшидани ободкориву созандагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат эътибори боз ҳам бештар дода шавад.

Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мавсими зимистони соли 2024, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, иҷрои нақшаҳои кишт ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ чораҷӯйӣ карда шавад.

Таъкид месозам, ки аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ доранд.

Такроран таъкид менамоям, ки соли 2024 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар лиҳоз, қабл аз ҳама, аз нигоҳи амниятӣ ва таъминот бо маводи ғизоӣ соли мураккабу вазнин мегардад.

Дар чунин шароит ҷиддан беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи қонуни танзим, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи шумо – роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва умуман тамоми сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Ҳар яки мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Саломат бошед!

Источник: 
http://president.tj/node/32387
Таджикский