ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МД «ПИТИ» БО КООРДИНАТОРИ ЛОИҲАИ UNIDO ДАР ТОҶИКИСТОН

Панель управления для слабовидящих

Интерфейс
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.
Автор: WWW.PITI.TJ Дата публикации: суббота, 10 Январь, 2026 - 18:41

Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам пайваста тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина, рӯзҳои 30 сентябр - 1 октябри соли 2025 бо ташаббуси пажӯҳишгоҳ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ” бо иштироки васеи олимон, коршиносон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор карда шуд. 
9 январи соли 2026 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори пажӯҳишгоҳ Зайниддинзода С. Ҷ., бо координатори лоиҳаи UNIDO дар Тоҷикистон, хонум Ҷунайдова Сарвиноз Зайдуллоевна, ки бевосита дар ташкили  ин конфонрос кӯмаки амалӣ расонидаанд, баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории судманд, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баён намуда, дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт.
Бо нишони қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ба хонум Ҷунайдова С.З. барои саҳми назаррас гузоштан дар ташкили конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ” сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Таджикский

Меню: