Яке воситаҳои таҳкимбахши ҳамкориҳои байналмилалии мутақобиланд судманди кишварҳо баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-амалӣ бо иш-тироки васеъи олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон баргузор намудани чунин ҳамоишҳо аз лиҳози он, ки кишвар сиёсати «Дарҳои боз» - ро ҳамчун воситаи муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардуми минтақа ва ҷаҳон мебошад, аз аҳамияти холӣ нест.
Муҳимияти ин масъаларо ба инобат гирифта МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзӯи «Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ» бар-гузор намуд. Чорабинии мазкур санаи 30 сентябри соли 2025, соати 9:00 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe», бо иштироки зиёда аз 145 намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ (Россия, Арабистони Саудӣ), кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ (Узбекистон, Қиргизистон, Қазоқистон ва Покистон), Аврупо (Лаҳистон ва Австрия) ва Ҷумҳурии Халқии Хитой (институти КАРЕК) баргузор гардид.
Чорабиниро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳимияти мавзӯи ҳамоиш ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои фаъолияти инноватсионӣ, савдо ва рақамикунонии равандҳои иҷтимою иқтисодӣ ибрози ақида намуданд.
Баъд аз он намояндаи сафорати Федератсия Россия дар Тоҷикистон Хутарскя В.В. суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба зарурияти ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва нақши онҳо дар тақвияти робитаҳои илмии кишварҳои минтақа ва ҷаоҳон иброз доштанд.
Сипас, директори МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», н.и.и., дотсент Зайнуддинзода С.Ҷ. баромад намуда, миннатдории худро ба меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш изҳор намуда, кори конференсияро оғоз бахшиданд. Аз рӯи бахшҳои конференсия бо маърӯзаҳои худ Шариф Раҳимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори «Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Омирбаев Серик Мауленович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори IT University (Ҷумҳурии Қазоқистон), Парвина Ибодова, намояндаи ташкилоти «Ташабуси шаҳрвандӣ оид ба сиёсати интернет» (Тоҷикистон), Кошонова Манзура Раҳматовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори шуъбаи рушди мутавозини минтақаҳои Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Гуланор Атобек, директори ҶСК Алиф бонк, Алиҷон Алиев, менеҷери лоиҳаи “МТЦ”, Ҷовид Хусейнов, сардори раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алексей Саврасов, корманди Ташкилоти Созмони милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО), Насима Баҳрамова, директори Ассотсиатсияи тиҷорати электронӣ (Тоҷикистон), Шоҳиён Н.Н., доктори илмҳои педагогӣ, сардори шуъбаи рушди неруи инсонии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стефан Дирка аз Ҷумҳурии Лаҳистон, Мерали Бодуршозода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ишенов Бейшенбек Ҷонмурунович, профессори Донишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодии Қирғизистон ба номи А. М. Рискулбекова, Насибахон Аминова, Раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна (Тоҷикистон) ва Мирзоев Саидаъло Ҳабибуллоевич, доктори илмҳои техникӣ, профессори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо дар чорабинии мазкур Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «ASTANA IT UNIVERSITY» ва Донишгоҳи тиҷоратии Катовис (Ҷумҳурии Лаҳистон) дар самти таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ, шӯрои диссертатсионӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва нашри мақолаҳо, роҳбарии корҳои илмӣ, баргузор намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиум ва мизи гирд дар соҳаҳои илм ва таҳсилот, тадбиқи барномаҳои академӣ (мубодилаи магистрон, доктор PhD) ва дигар шаклҳои байналмилалии кооператсияҳои илмӣ ба имзо расид.
Баъди ба анҷом расидани қисмати асосии рӯзи аввали Конференсия меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва дастовардҳои ш. Душанбе тариқи автобуси дуошёнае, ки Ҳукумати ш. Душанбе ҷудо намуда буд, ба тамошои минтақаҳои гуногуни пойтахти кишвар аз рӯи сайрхати муайян сафарбар гардиданд.
Ҳамин тариқ, даври аввали чорабинии мазкур санаи 30 сентябри соли 2025 соати 17:30 хотима ёфт.
Тибқи барномаи конференсия меҳмонон, ки аз Ҷумҳуриҳои Австрия, Лаҳистон, Узбакистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Покистон ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои иштирок дар он ташриф оварда буданд, санаи 1 октябри соли 2025 аз Нерӯгоҳи обии барқии Норак расман дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо ин объекти муҳими стратегӣ ба меҳмонон маълумоти муфассал дар хусуси иқтидори истеҳсолии неругоҳи мазкур ва дигар имкониятҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти истеҳсоли энергияи сабз пешниҳод гардид.
Ҳамин тариқ, конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ» санаи 1 октябри соли 2025 хотима ёфт.









Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







