Саидмурод Зайниддинзода

Директори МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

тел: +992 (37) 222-23-64
Почтаи эл.: info@piti.tj
Сомона: http://www.piti.tj

ТАРҶУМАИ МУХТАCAРИ ҲОЛ
Тав. д. Чинор ҷ/д. Даҳана н. Кӯлоб, вил. Кӯлоб (ҳоло вил. Хатлон) дар оилаи коргар. Таҳсил: мактаби №16, ба номи А. С. Макаренко н. Кӯлоб (1968–1978) ва ф-таи баҳисобгирию иқтисодии УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1979–1983). Ассист. каф. бањисобгирии бухгалтерии ДМТ (1983–1987), унвонҷӯи шуъбаи рӯзонаи Академияи давлатии молияи ш. Москав (1987–1991), ассист., дотс. каф. баҳисобгирии бухгалтерӣ (1991–1994), иқтисодчии шуъбаи банақшагирӣ ва муоъмилоти пулӣ, мудири шуъбаи коғазҳои қиматнок ва амалиётҳои пасандозии Бонки давлатию саҳомии тиҷоратии «Тоҷиксодиротбонк» (1994–1997), сармутахассиси шуъбаи назорати асъори идораи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997–2002), мудири шуъбаи назорати дохилии ҶСК «Ориёнбонк» (2002–2003), мушовир оид ба харид ва шартномабандӣ – сардори шуъбаи харид ва шартномабандии ширкати мушовирии «Луис Бергер Групп»-и Лоиҳаи кишоварзии Тоҷикистон (2003–2009), сардори раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополӣ дар ш. Душанбе (2009–2010), сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе (2010–2013), аудитори калони ҶДММ «Аудитории ш. Адолат» (2013–2014), сардори Маркази аналитикӣ, муовини сардори сарраёсат, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014–2021). Аз ноябри соли 2021 директори МД Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Тоҷикӣ

Tags: