Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам пайваста тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина, рӯзҳои 30 сентябр - 1 октябри соли 2025 бо ташаббуси пажӯҳишгоҳ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ” бо иштироки васеи олимон, коршиносон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор карда шуд.
9 январи соли 2026 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори пажӯҳишгоҳ Зайниддинзода С. Ҷ., бо координатори лоиҳаи UNIDO дар Тоҷикистон, хонум Ҷунайдова Сарвиноз Зайдуллоевна, ки бевосита дар ташкили ин конфонрос кӯмаки амалӣ расонидаанд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории судманд, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баён намуда, дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт.
Бо нишони қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ба хонум Ҷунайдова С.З. барои саҳми назаррас гузоштан дар ташкили конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ: навовариҳо, савдо ва рақамикунонӣ” сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
(+992 37) 222-23-64 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







