Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.