Ҳамватанони гиромӣ!
Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!
Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус, 250 ҳазор кӯдаконеро, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштанд, самимона табрик мегӯям.
Мулоқоти имрӯзаи мо ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор мегардад.
Мактаби мазкур аз чор ошёна ва 75 синфхона иборат буда, 3500 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик гуфта, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ҳамчунин, ба омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла мактаби имрӯз ифтитоҳгардида таъкид месозам, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.
Зеро онҳо сокинони пойтахти мамлакат мебошанд ва пойтахт на фақат маркази маъмурӣ, балки ойинаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мост.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар зарфи чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи маорифи мамлакат мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои 2017 – 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 000 нафар хонандагон мактабҳои замонавии дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки танҳо дар соли ҷорӣ барои беш аз 12 ҳазор нафар фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд карда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахти мамлакат бамаротиб беҳтар гардонанд.
Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор нафар хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдак босуръат идома дорад.
Ин рақамҳо барои роҳбарони вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо бояд намунаи ибрат бошанд, омӯзанд, дар ин самт корро мисли пойтахти мамлакат ҷиддӣ ташкил кунанд.
Хотирнишон менамоям, ки ин ҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии мамлакат ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.
Ҳамватанони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад.
Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад.
Яъне амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.
Вале тавре ки мушоҳида мегардад, вақтҳои охир ва хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.
Танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.
Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд.
Дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.
Ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёра аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.
Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд.
Дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳаммият дорад.
Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад.
Наврасону ҷавонони мо бояд донанд, ки беш аз 150 ҳазор ҳалокшудагон, 55 ҳазор кӯдакони ятиммонда, қариб якуним миллион гурезаҳои иҷборӣ, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоии сӯхтаву харобгардида, тарки ватан кардани садҳо ҳазор мутахассисон, олимону донишмандон, аз ҷумла омӯзгорони соҳибтаҷриба натиҷаҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд.
Инчунин, садҳо миллиард сомонӣ ҳисороти моддӣ ва даҳшатноктар аз ҳама, зарбаи ҷонкоҳи маънавӣ ба рӯҳу равони мардуми мамлакат зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки аз ноогоҳии сиёсии мардум ва суйистифода аз зиёдаравӣ дар дину эътиқод ба сари давлати ҷавони тоҷикон омада буд.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, ифротишавии ҷомеа мубориза барем.
Маҳз ба ҳамин хотир мо се қонуни миллӣ – дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро қабул кардем, ки мардумамонро аз хавфу хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем, то онҳо дигарбора ба доми фиреби хоинони Ватану миллат гирифтор нашаванд.
Бинобар ин, метавон гуфт, ки қонунҳои зикршуда на фақат ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодӣ, балки аҳаммияти сиёсиву амниятӣ низ доранд.
Зеро онҳо, пеш аз ҳама, ба ҳимояи манфиатҳои мардуми камбизоат равона гардида, василаи муҳимми таъмин намудани амнияти давлат ва оромии ҷомеа мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид.
Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардид.
Мо хуб дарк мекунем, ки маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат беҳтарин ва самарабахштарин сармоягузорӣ мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои як миллиону 600 ҳазор хонанда анҷом дода шуд.
Дар натиҷа қисми зиёди мактабҳои аз замони гузашта боқимонда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ гардонида, ба мактабҳои замонавӣ табдил дода шуданд, мактабҳои навбунёд бо беҳтарин шароиту имкониятҳо таъмин гардиданд ва ин кор ҳоло бомаром пеш рафта истодааст.
Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда бомаром ҷараён дорад, ки то охири соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Аммо корҳои то имрӯз амалигардида, бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд ва моро зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшем.
Илова бар ин, ҳанӯз дар кишвар 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад ва дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон дар се баст таълим мегиранд.
Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бартараф кардани масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои мушаххас ва фаврӣ андешида шаванд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, яъне барои наврасону ҷавонон беш аз 11 ҳазор иншооти варзиш бунёд карда шуд.
Вале тибқи мушоҳидаҳо нигоҳубин ва истифодаи самараноки онҳо қонеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои марказӣ ва маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва доимӣ зоҳир намоянд.
Муҳтарам аҳли маориф!
Бо дарназардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, мо ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем.
Шумораи ин муассисаҳо соли ҷорӣ ба 720 расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдакон танҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд.
Вале ин ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси кишвар ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» қабул гардидааст, ки аз оғози татбиқи он қариб чор сол гузашт.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии бахшҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахлдошта боиси нигаронӣ мебошад.
Тибқи ин барнома бояд ҳар сол дар кишвар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва бахши хусусӣ беш аз 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Вале то имрӯз аз 68 шаҳру ноҳия ҳамагӣ дар 34 шаҳру ноҳия 82 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.
Ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нагардидани барнома сабаби асосии чунин вазъ мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки зимни пешбурди корҳо ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, сохтмони ин гуна муассисаҳоро тезонанд.
Дар баробари ин, афзоиши аҳолӣ низ масъулинро водор месозад, ки сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабиро вусъат бахшида, талаботи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 дар хусуси то ин давра ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ иҷро намоянд.
Зарур аст, ки иҷрои нақша бо ҷалби имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша, фаъолон ва аҳолӣ таъмин карда шавад.
Кумитаи сохтмон ва меъморӣ лоиҳаи муассисаҳои томактабиро, бахусус, барои деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин бо дарназардошти шароит ва шумораи аҳолӣ таҳия ва ба сохторҳои марбута пешниҳод намояд.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027 тасдиқ гардидааст.
Тибқи ин барнома дар кишвар бунёди 264 муассисаи томактабии хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорон, дигар шахсони эҳсонкор ва падару модарон ҷиҳати иҷрои барномаи зикршуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода мешавад, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, ки таҳсил дар синфҳои 5-ум то 9-умро дар бар мегирад, яке аз марҳалаҳои муҳимтарин дар низоми таҳсилоти кишвар мебошад.
Имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991 – 1992-юм 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Агар соли ҷорӣ 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда бошад, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудааст.
Яъне мо бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 380 мактаб бунёд намоем.
Дар кишвар соли таҳсили 1991 – 1992-юм 3229 мактаб бо фарогирии 1 миллиону 325 ҳазор хонанда фаъолият дошт.
Имрӯз беш аз 4000 мактаб ва 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда дорем.
Худатон муқоиса кунеду хулоса бароред.
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз ҳазор мактаби мавҷударо азнавсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем.
Илова бар ин, имрӯз дар кишвар 163 муассисаи типи нав, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо муассисаҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдшуда мебошанд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз 3-юми марти соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд, ки дар зарфи 18 соли гузашта вазифаҳои худро асосан иҷро кард.
Имрӯз бо дарназардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон зарурати ворид намудани тағйирот ба консепсияи мазкур ва мукаммал намудани он ба миён омадааст.
Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, марказҳои тадқиқоти стратегӣ, қонунгузорӣ, исломшиносӣ ва Иттифоқи нависандагон санади мазкурро дар муддати шаш моҳ дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад.
Аз ин лиҳоз, ин масъала зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот 20-уми марти соли 2024 «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028» қабул гардид.
Ҳамчунин, соли 2022 «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» тасдиқ карда шуд.
Солҳои охир дар самти рақамикунонии соҳа корҳои муайян анҷом дода шудаанд, вале ба талабот ҷавобгӯй нестанд.
Яъне имрӯз соҳаи маориф ва илми кишвар аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст.
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии омӯзгорон дар самти технологияҳои замонавӣ, яъне амалисозии пурраи ҳадафҳои консепсияи зикршударо таъмин намояд.
Инчунин, ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созад.
Ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгорӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тарбияи омӯзгорони ба талаботи замона ҷавобгӯй тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки муассисаҳои зикршуда ҳар панҷ сол аз аккредитатсия ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳар се сол аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст.
Устодону омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёну хонандагони азиз!
Таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳалаи ниҳоӣ ва муҳим барои ҳар фарди ҷавони кишвар – ҳам писарон ва ҳам духтарон – мебошад.
Вале таҳлилу мушоҳидаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки ҳам ҷавонон ва ҳам устодону падару модарон барои таҳсил дар ин зинаи муҳимми таълим чандон ҳавасмандӣ зоҳир намекунанд.
Тибқи маълумоти оморӣ аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд ва 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.
Бинобар ин, дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.
Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!
Ман ба падару модарони азиз муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд.
Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем.
Дигар ин ки мову шумо дар ин дунё абадӣ нестем.
Фарзандон ва набераву абераҳоямон ҳастанд, ки роҳи мову шуморо идома медиҳанд ва номи мову шуморо зинда нигоҳ медоранд.
Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.
Падару модарони азиз дар ёд дошта бошанд, ки баробари ба шавҳар додани духтар ва оиладор кардани писар масъулияти онҳо дар назди фарзанд ба охир намерасад.
Мову шумо то рӯзе, ки дар қайди ҳаёт ҳастем, шарики тақдири фарзандонамон мебошем.
Пас, биёед, ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтаронамон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонем, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд.
Ҳангоми сафарҳои корӣ ва боздид аз корхонаҳои дӯзандагӣ мушоҳида мекунам, ки аксари коргарон занони миёнсолу калонсол мебошанд.
Вақте мепурсам, ки барои чӣ дар вақташ нахондед, ки соҳиби илму дониш шавед, ҷавоб медиҳанд, ки шароиту имконият надоштем.
Яъне имрӯз онҳо, ҳарчанд ки соҳиби маълумот ва касби мушаххас нестанд, барои пеш бурдани рӯзгору зиндагии худ кор карда истодаанд.
Ҳоло, ки ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё шудаанд, падару модарон бояд фарзандони худро хононанд.
Мо бояд ин корҳоро, ҳамчунин, ба он хотир анҷом диҳем, ки фарзандонамон оянда дар зиндагӣ муҳтоҷу саргардон нашаванд, фирефтаи ақидаҳои харобкорона ва ваъдаҳои дурӯғу ғаразноки гурӯҳҳои иртиҷоӣ нагарданд, ақаллан фарзандони худашонро дуруст таълиму тарбия дода тавонанд.
Бори дигар таъкид месозам, ки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад.
Бинобар ин, фарзандонро аз илму маориф дур насозед.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки дар натиҷаи муносибати рӯякӣ ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон, саҳлангорӣ ва бетарафӣ аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, падару модарон ва аҳли ҷомеа фарзандони мо ба доми созмонҳои ифротиву террористӣ гирифтор мешаванд ва ояндаи худро барбод медиҳанд.
Аз ин рӯ, мо ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҷавобгариро нисбат ба шахсоне, ки монеи таҳсили фарзандон мешаванд, пурзӯр кардем.
Бо дарназардошти ҳолатҳои баёнгардида, зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи фаъолона ва густурдаи тарзи ҳаёти солим, тарбияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш, дар навбати аввал аз ҷониби падару модарон, яъне дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.
Ҷавонону наврасон низ, дар навбати худ, бояд хуб дарк намоянд, ки ба ҷо овардани иззату эҳтироми падару модар ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо ҳам қарзи имониву виҷдонӣ ва ҳам вазифаи конститутсионии онҳо ба ҳисоб меравад.
Аммо имрӯзҳо мо шоҳиди муносибати бераҳмонаи баъзе фарзандон нисбат ба падару модарашон мешавем, ки зуҳуроти барои мардуми мо бисёр таассуфовар ва нангин мебошад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сифати дарсҳои маърифати оиладорӣ, одобу ахлоқ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ баланд бардошта шавад, то насли наврас зиндагии орому осударо аз тирагиву зулмот фарқ карда, ҳаёти ояндаи худро дуруст ба нақша гирифта тавонад.
Ҳозирини гиромӣ!
Норасоии китобҳои дарсӣ дигар мушкили ташвишовари соҳа ва яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот мебошад.
Тайи се соли охир 203 номгӯйи китобҳои дарсӣ, хусусан, аз фанҳои адабиёт, таърих ва ҳуқуқ аз ҷониби мутахассисон ва коршиносон аз ташхиси илмӣ гузаронида шуда, дар онҳо далелҳое, ки ба меъёру арзишҳои Конститутсия ва ҷаҳонбинии илмӣ мутобиқат надоранд, ошкор гардидаанд.
Вале тибқи маълумот аз 203 номгӯйи китоби ташхисшуда 82 номгӯйи онҳо то имрӯз ислоҳ ва бознашр нашудааст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар муддати ду сол бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин карда, барои дар оянда бо адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар як фанни таълимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои фаврӣ андешад ва доир ба иҷрои супориш ба Роҳбари давлат ҳисобот пешниҳод намояд.
Тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таълим ҳамгироии назария ва амалия бояд ба роҳ монда, донишҳои назариявии хонандагон тавассути гузаронидани корҳои амалӣ (озмоишгоҳӣ) мустаҳкам карда шаванд.
Аммо шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то ба ҳол бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва устохонаҳои таълимӣ таъмин нестанд.
Барои ҳалли ин масъала соли 2021 «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025» қабул гардидааст, вале иҷрои он аз ҷониби масъулин дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Ба ин сабаб заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мутобиқат намекунад.
Масалан, агар ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе 96,3 фоиз иҷро шуда бошад, пас он дар вилоятҳои Суғд ҳамагӣ 73, Хатлон 48, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 фоизро ташкил додааст, ки ниҳоят ташвишовар мебошад.
Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки бо ҷалби имкониятҳои иловагии молиявӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда чораҷӯйӣ намоянд.
Таъкид менамоям, ки ин масъала бояд дар давоми ду соли оянда пурра бартараф карда шавад.
Муовини Сарвазир ва ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа раванди иҷрои дастури мазкурро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар айни замон, зарур аст, ки барои ҷалби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии равияи омӯзгорӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм барои ҳалли мушкилоти таъминоти кадрӣ масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, аз ҷумла аз фанҳои табииву риёзиро бознигарӣ намуда, нақшаи қабулро вобаста ба эҳтиёҷоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ва амалӣ намоянд.
Назорати иҷрои ин кор ба зиммаи муовини Сарвазир ва ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта мешавад.
Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки бояд доир ба гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳо аз муассисаҳои таълимӣ сар карда, дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ ва зиёд кардани воситаҳои ҳавасмандгардонии иштирокчиёни онҳо тадбирҳои зарурӣ ва ҳатмӣ андешида шаванд.
Бар замми ин, пешниҳод менамоям, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд.
Вазорати маориф ва илм доир ба ин масъала санадҳои дахлдорро дар муддати се моҳ таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод намояд.
Инчунин, дастур дода мешавад, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.
Вазорати молия дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.
Муҳтарам омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз!
Чанде пеш мо дар назди Ҳукумати мамлакат Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таъсис додем.
Тибқи омори расмӣ ҳоло дар кишвар танҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, беш аз 570 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнат ворид намудани ин қишри аҳолӣ ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мову шумо ва махсусан, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳоло дар кишвар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос бо фарогирии беш аз 18 ҳазор нафар хонанда барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мутахассис омода карда мешавад.
Инчунин, дар 39 маркази касбомӯзии калонсолони назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 46 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯзиши 78 намуди касбу ҳунар машғул мебошанд.
Ин шумора хеле кам мебошад, зеро дар муассисаҳои зикршуда ба таълим фаро гирифтани садҳо ҳазор нафар имкон дорад.
Тибқи супоришҳои қаблӣ корро бояд тавре ба роҳ монд, ки солҳои наздик тамоми шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳиби касбу ҳунар гардонида шаванд.
Ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки барномаҳои таълимии муассисаҳоро бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро бартараф ва самаранокии фаъолияти ин низоми таҳсилотро баланд бардоранд.
Хотиррасон месозам, ки масъалаи таъмирталаб будани муассисаҳои ибтидоии касбӣ ва марказҳои касбомӯзии калонсолон низ ҳалли фавриро тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ таъмиру тармим ва бо лавозимоти зарурии таълиму касбомӯзӣ таъмин кардани ин гуна муассисаҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Васеъ намудани шуғли пурмаҳсул яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, бо мақсади ба касбомӯзӣ ва дар ин замина ба шуғл фаро гирифтани аҳолии кишвар соли 2020 Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 қабул карда шуд.
Дар ин самт бо дастгирии Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати мамлакат лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ба маблағи 360 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» бо арзиши 360 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи лоиҳаи якум 21 литсейи касбии техникӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда, 17 стандарти салоҳияти касбӣ таҳия гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи дуюм бунёд кардану ба истифода додани се маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ ва се маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Душанбеву Роғун ҳамчун лоиҳаи пилотӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дигар марказҳо то охири соли равон ба истифода дода шуда, ба ҳисоби миёна дар як сол зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандон, сарфи назар аз синну сол, ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ мегарданд.
Ҳоло кор ҷиҳати дар дигар минтақаҳои кишвар сохта, ба истифода додани марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо идома дошта, дар ояндаи наздик барои фарогирии пурраи аҳолии бе касбу ихтисос тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Вазоратҳои молия, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ барои азнавсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани литсейҳои касбиву техникӣ ва филиалҳои маркази таълими калонсолон ҷоннок намоянд.
Дар ин радиф, ба таҳияи китобҳои дарсӣ, адабиёт ва маводи таълимӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад, зеро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ норасоии онҳо ташвишвар мебошад.
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, муовини Сарвазир, ёрдамчии Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири маориф ва илм ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки ин масъаларо дар ду соли оянда бартараф созанд.
Ҳоло дар кишвар 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, яъне коллеҷҳо бо фарогирии 90 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.
Яъне якҷо бо 214 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ 312 ҳазор нафар ҷавонон дар дохили кишвар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.
То замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 40 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард.
Яъне афзоиши шумораи ҳам муассисаҳо ва ҳам донишҷӯёни онҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз ду баробарро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки мушкилоти ин муассисаҳо низ мисли муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо доранд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи таъсиси паркҳои техникӣ, технологӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба хотири омодасозии мутахассисон аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то шогирдон имкони гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва гирифтани аввалин салоҳиятҳои касбиро пайдо намоянд.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки ба масъалаи тахассусмандии роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.
Инчунин, зарур аст, ки пайванди илм бо истеҳсолот маҳз аз ҳамин зинаи таҳсилот, яъне ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда шавад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта ҷавонон аз ин муассисаҳо ба истеҳсолот ҷалб карда мешаванд ва чунин иқдом, дар навбати худ, ба коҳишёбии сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад.
Таъкид месозам, ки талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик бояд аз ҷониби мутахассисон мунтазам омӯхта, соҳибкасб намудани ҷавонон мувофиқ ба талаботи рӯз ба роҳ монда шавад.
Дар ин раванд, ба масъалаи омӯзиши васеи на фақат забонҳои русиву англисӣ, балки дигар забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Дӯстони гиромӣ!
Дар замони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз лиҳози шумора куллан дигаргун гардид ва рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард.
Соли 1991 мо ҳамагӣ 13 мактаби олӣ доштем, ки дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард.
Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд.
Инчунин, зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд.
Танҳо дар Федератсияи Россия беш аз 20 ҳазор ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда истодаанд.
Ба замми ин, ҳоло дар кишвари мо як донишгоҳи муштарак, яъне Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон ва филиалҳои панҷ донишгоҳу донишкадаи бонуфузи хориҷӣ бо шумораи умумии 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилали ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад.
Дар ин самт дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021 – 2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як силсила корҳо анҷом дода шудаанд, аммо ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ ба назар намерасанд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки натиҷаҳои чор соли татбиқи барномаро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои мақсаднок амалӣ гардидани ҳадафҳои гузошташуда тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳозирини муҳтарам!
Рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид.
Вале дар баробари ин, соҳаи маориф ва илми кишвар имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд.
Таъкид менамоям, ки ҳалли ин масъала на танҳо ба маблағгузории соҳа, балки ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии роҳбарону кормандони соҳаи илму маориф, олимону омӯзгорон, аҳли зиё, падару модарон ва фаъолони ҷомеа иртиботи мустақим дорад.
Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бамаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.
Имрӯз дар кишвар ғайр аз Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф 17 донишгоҳу донишкадаи олӣ ва даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ бо даҳҳо кафедра, қариб 500 номзад ва доктори илмҳои педагогӣ фаъолият доранд ва аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд.
Бо доштани чунин захираву имкониятҳои бузург олимону омӯзгорони мо вазифадоранд, ки низоми маорифро дар асоси хусусиятҳои хоси миллӣ боз ҳам таҳким бахшанд ва ба таври куллӣ баланд бардоштани сифати онро таъмин намоянд.
Аз ин рӯ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Академияи миллии илмҳо ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм вазифадор карда мешаванд, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва назоратро дар соҳаи маориф ва илм ҳарчи зудтар таҳия карда, ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти дурусти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Таҳлилҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишон медиҳанд, ки дар баробари камбудиҳои хоси ин ё он зина якчанд мушкилоте ҳастанд, ки марбут ба ҳамаи онҳост.
Нарасидани омӯзгорон, китобҳои дарсӣ, аз ҷумла бо забонҳои англисӣ ва русӣ, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ ва устохонаҳои таълимиву истеҳсолӣ мушкилоте мебошанд, ки рушди соҳаи маорифи мамлакатро халалдор месозанд.
Ба Вазорати маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки дар муддати се моҳ барномаи махсуси давлатиро оид ба пурра дар ду соли минбаъда бартараф кардани мушкилоти зикршуда таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад.
Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст.
Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.
Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.
Яъне дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад.
Дар робита ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Мехоҳам ба устодону омӯзгорони муҳтарам хотиррасон намоям, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд.
Яъне иззату обрӯи ҳар шахс, аз ҷумла омӯзгор, дар навбати аввал, аз худаш вобаста мебошад.
Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст.
Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем.
Мехоҳам бо қаноатмандиву сипос хотиррасон намоям, ки омӯзгорону устодони мо ҳамчун қишри фаъолу пешқадами ҷомеа дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намуданд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштанд.
Имрӯз низ беш аз 130 ҳазор омӯзгорон фарзандони мардумро таълиму тарбия дода истодаанд, ки зиёда аз 71 фоизи онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло шароит ва фазои кориву зиндагии онҳо дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд.
Бовар дорам, ки аъзои Ҳукумат – роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, устодону омӯзгорон ва умуман, кулли кормандони соҳаи маориф аз камбудиву норасоиҳои зикршуда хулосаҳои зарурӣ бароварда, онҳоро ҳарчи зудтар, ба таври ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд бартараф мекунанд.
Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба хотири фардои ободи давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем ва бо саъю талоши якҷоя мушкилоти соҳаро бартараф намоем.
Шумо – муҳтарам омӯзгорон – ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед.
Бубинед, ки кӯдак вақте ба мактаб меравад, чӣ қадар ақлу фаҳмиш дорад? Чӣ қадар дониш дорад? Чӣ қадар хондаву навишта метавонад ва дарки ӯ оид ба ҳаёту зиндагӣ дар чӣ сатҳ аст? Тақрибан ҳеҷ! Аммо омӯзгор аз ӯ дар муддати 11 сол як инсони комил тарбия мекунад.
Ана ин аст рисолати инсонсозии омӯзгор.
Яъне ояндаи давлат, миллат ва Ватанро маҳз шумо месозед.
Ба устодону омӯзгорони муҳтарам ва падару модарони азиз такроран муроҷиат мекунам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандонамон эътибори ҷиддӣ диҳем, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё кунем, то ки онҳо бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта гардонида тавонанд.
Ҷавонони арҷманд!
Фарзандони азизам!
Шумо ҳам дар навбати худ, хонед, илм омӯзед, соҳибкасбу забондон шавед, вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён бошед.
Ҳар коре, ки мо имрӯз анҷом дода истодаем, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати шумо мебошад.
Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад.
Бинобар ин, ба ҳар яки шумо таъкид мекунам, ки ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расед, доим дар талоши илму донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошед, бештар китоб хонед, донишманд шавед, забони покиза ва одоби муоширати баланд дошта бошед, ояндаи давлатро соҳибӣ кунед, истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ҳифз намоед, онро таҳким бахшед ва обрӯю манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоред.
Ба ҳамаи ин қудрату тавоноии шумо мерасад.
Ман ба шумо итминони комил дорам!
Бори дигар кулли аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён ва ҳамватанони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, инчунин, 33-солагии ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – барори кор ва ба донишҷӯёну хонандагони кишвар саломативу хониши аъло орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед!