Имрӯз - 11 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи илмӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи рушди хизматрасониҳои байналмилалию дохилӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Солиев Н.Н. дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳои самараноки идоракунӣ ва амалишавии Стратегияи рушди иқтисодиёти “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” баромад намуд.
Дар мавзӯи илмию таҳқиқотӣ дарёфти самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиёти “сабз”, зарурати таҳкими механизмҳои идоракунӣ, такмили воситаҳои маблағгузорӣ, рушди инфрасохтори инноватсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Инчунин қайд карда шуд, ки татбиқи самараноки Стратегия барои рушди устувор, коҳиши хавфҳои экологӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳои “сабз”, рушди энергетикаи барқароршаванда, такмили идоракунии захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ҳамчун ҷузъҳои муҳими амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар матраҳ гардиданд.






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








