ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории дислексия фаъол мекунад (имкони озмоишӣ, ки метавонад муваққатан ба таври дуруст кор накунад)
Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Дшб, 09/07/2026 - 08:19

7 сентябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — санаи муҳими таърихӣ ва муқаддаси давлатдории миллӣ, ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндагони воломақоми мақомоти давлатӣ баргузор гардид, ки дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ суханронӣ намуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ оғоз гардида, мавсуф кормандони Вазорат ва сохторҳои зертобеи онро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуд. 

Дар суханронии хеш Вазири рушди иқтисод ва савдо аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо, дастоварди бузурги таърихӣ ва пояи устувори давлатдории миллӣ арзёбӣ намуда, нақши созандаи онро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазоратро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати пурмасъулияти хизмати давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат комёбиҳои рӯзафзун орзу намуд. Инчунин ба як қатор кормандони Вазорат, мукофотҳои давлатӣ, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, ба муносибати ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуданд, тақдим намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони Вазорат ва сохторҳои зертобеи он барои фаъолияти содиқонаю самаранок, ки дар пешбурди фаъолияти соҳа саҳми арзанда доштанд, бо Ифтихорномаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар фазои тантанавӣ тақдим гардида, хизматҳои шоистаи онҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла бо Ифтихорномаи Вазорат қадрдонӣ гардидани директори МД “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳтарам Зайниддинзода Саидмурод Ҷумъамурод нишони эътирофи хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳа мебошад. Ин қадрдонӣ заҳматҳои содиқона ва фаъолияти самаранокро арзёбӣ намуда, барои дастовардҳои нави созанда заминаи тоза фароҳам меорад. 
 

Тоҷикӣ

Меню: