СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/06/2023 - 09:10

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/31571

Тақдими ангораи Пажӯҳишгоҳ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Пшб, 09/21/2023 - 13:23
Тоҷикӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷум, 09/08/2023 - 08:00
Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

Тоҷикӣ

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Якш, 10/10/2021 - 12:07

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ