Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд.
Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.
Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод.
Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.
Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Вакилони муҳтарам!
Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад.
Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд.
Нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Вакилони муҳтарам!
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.
Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои марбута дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст.
Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.
Аз ҷумла муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад.
Тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.
Вале маблағҳои дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва пардохтшуда чор баробар афзоиш ёфтаанд.
Танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Чунин ҳолат гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Пешниҳод менамоям, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута дар муҳлати як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо зикри маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд.
Масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назарро талаб менамояд.
Ҳоло имтиёзи зикршуда на аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона, балки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он ҷорӣ мегардад.
Дар чунин ҳолат қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи бунёд ва таҷҳизонидани корхонаи нав, яъне то ба даст овардани фоида рост меояд ва соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархурдор намешаванд.
Аз ин рӯ, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии навро ба роҳ мондаанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда, ки бояд ба зебо гардидани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат карда, ба мардум садсолаҳо хизмат намоянд, аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Вакилони муҳтарам!
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти марбута ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хом ва зиёд намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бояд тадбирҳои судманд андешад.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.
Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.
Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.
Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.
То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Дар ин ҷода бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома доранд.
То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расонида шуда, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад.
Аз ҷумла 17-уми декабри соли ҷорӣ Шӯрои директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар хусуси дар марҳалаи аввал ҷудо намудани 3,8 миллиард сомонӣ грант барои сохтмони неругоҳи «Роғун» қарор қабул кард.
Инчунин, аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар ҳаҷми 2,9 миллиард сомонӣ, Бонки исломии рушд 1,6 миллиард сомонӣ, Фонди Саудии рушд 1,1 миллиард сомонӣ, Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 272 миллион сомонӣ ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ 180 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд.
Барои таваҷҷуҳ ва ҳамкориҳо ба ҳамаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд миннатдории мардуми Тоҷикистонро баён менамоям.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Бинобар ин, Сарвазири мамлакат, муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа, вазири энергетика ва захираҳои об, дигар вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун», ширкатҳои соҳа ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадоранд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар робита ба ин, дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.
Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.
Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
Дар баробари ин, Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад.
Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст.
Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест.
Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд.
Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст.
Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ барномаи амнияти озуқавории кишварро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд.
Бар замми ин, бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаи азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ дар мамлакат таҳия ва татбиқ карда шавад.
Инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигаҳдориву афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар ҳаллу фасл карда шаванд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.
Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.
Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.
Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.
Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем.
Ҳоло амалисозии онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бомаром идома дорад.
Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.
Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Масалан, ман як кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаву неруманд аст.
Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад.
Саҳми хонандагони мактабҳои миёна дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил мекунад.
Харидорони ин идеяҳо асосан ширкатҳои бузургтарини дунё мебошанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.
Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.
Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам.
Вакилони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст.
Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод.
Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад.
Аз ҷумла сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва мо ният дорем, ки онҳоро дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
То имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем.
Ман ин корҳоро барои он гуфта истодаам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд.
Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд.
Зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.
Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд.
Ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода мешавад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд.
Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.
Назорати иҷрои дастури мазкур ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вогузор карда мешавад.
Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост.
Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.
Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем.
Инчунин, даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббиро, ки 70 – 80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудем.
Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд.
Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.
Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам.
Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.
Бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст.
Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад.
Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.
Илова бар ин, дар муҳлати ду сол барои пурра ба кор даровардани корхонаҳое, ки аз фаъолият бозмондаанд, чораҷӯйӣ карда, оид ба корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.
Аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд.
Илова бар ин, имрӯз дар 54 муассисаи касбомӯзии калонсолон 80 000 шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар машғул мебошанд.
Танҳо дар як соли охир 4 маркази касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки фаъолияти онҳо дар соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон ва бо сертификатҳои байналмилалӣ таъмин кардани касбомӯзон нақши муҳим хоҳад дошт.
Ҳоло сохтмони боз ду марказ идома дошта, соли оянда ба истифода дода мешавад.
Марказҳои зикршуда метавонанд дар як сол беш аз 8000 нафар сокинони мамлакатро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гиранд.
Ин раванд, бо дарназардошти ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат, бояд тақвият дода шавад.
Бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои сераҳолии кишвар таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро таъмин намояд.
Таълим дар ин марказҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳар сол дар онҳо фаро гирифтани на кам аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандон таъмин карда шавад.
Илова бар ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд.
Яъне дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.
Бо дарназардошти равандҳои муосир, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.
Вакилони муҳтарам!
Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.
Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.
Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем.
Бо ин мақсад дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.
Масъалаи нигоҳубин ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо бояд ҳамеша дар мадди назари роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа бошад.
Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.
Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам.
Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам.
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Ҳозирини арҷманд!
Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба охир мерасад.
Барои фаъолияти пурсамар ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдории худро изҳор менамоям.
Бо фармони Президенти мамлакат аз 4-уми декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 2-юми марти соли 2025 таъин гардид.
Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.
Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд.
Аз ҷумла ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.
Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд.
Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.
Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад.
Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем.
Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.
Моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид.
Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад.
Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.
Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.
Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд.
Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад.
Мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Дар паёми имрӯзаи Роҳбари давлат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон тайи вақтҳои охир, хусусан, дар панҷ соли гузашта баён гардиданд.
Ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.
Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошанд.
Бинобар ин, ба тамоми мардуми сарбаланду шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилона сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.
Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем.
Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам.
Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.
Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем.
Дар ин ҷодаи пуршараф ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ тандурустӣ ва барори кор орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсат, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати Соли нави мелодии 2025-ум, ки ҳоло мо дар остонаи он қарор дорем, самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадони мардуми фарҳангиву тамаддунсози тоҷик хушбахтӣ, хонаободӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Саломат бошед!
Манбаъ: https://president.tj/event/news/49225