Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории дислексия фаъол мекунад (имкони озмоишӣ, ки метавонад муваққатан ба таври дуруст кор накунад)
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Тақдими ангораи Пажӯҳишгоҳ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Пшб, 12/12/2024 - 19:02
Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Якш, 11/24/2024 - 16:24

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/49062

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/06/2024 - 15:21

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.

Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/48653

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Шнб, 10/05/2024 - 12:18

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.

Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/47965

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Дшб, 09/09/2024 - 07:55

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/47266

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Якш, 09/01/2024 - 13:33

Ҳамватанони гиромӣ!

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Тоҷикӣ

ЭЪЛОН * АВВАЛИН МАРОТИБА * ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТҲО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025!!!

Ношир: WWW.PITI.TJ Санаи интишор: Пшб, 08/08/2024 - 09:13

Э Ъ Л О Н!!!
Аввалин маротиба Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули магистрантҳоро аз рӯи ихтисосҳои зерин барои соли таҳсили 2024-2025 эълон менамояд:

Нақшаи қабул ба магистратура дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тахқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли таҳсили 2024-2025

 Рамзи ихтисос

Ихтисос

Тибқи иҷозатнома
Т-ИФ №0004096
аз 17.10.2023

Нақшаи қабул (Ҳамагӣ)

Шуъбаи рӯзона

Тоҷикӣ

Русӣ

1

 1-25010201

Иқтисодиёти таҳлилӣ

15

15

15

-

2

 1-24012003

Ҳуқуқи иқтисодӣ

15

15

 -

15

3

 1-250103

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

15

15

 -

15

4

 1-250104

Молия ва қарз

15

15

15

 -

5

 1-26020305

Маркетинги байналмилалӣ

15

15

 11

4

6

 1-250109

Молшиносӣ ва муоинаи мол

15

15

15

-

7

 1-25010715

Иқтисодиёт ва идора дар КАС

15

15

15

-

Ҳамагӣ

105

105

71

34

 

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ