Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
14 ноябри соли 2025 ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ ҷамъомади тантанавии кормандон баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳайати роҳбарият, олимон, муҳаққиқон ва кормандони воҳидҳои сохтории Пажӯҳишгоҳ ҳузур доштанд.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Имрӯз - 11 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи илмӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи рушди хизматрасониҳои байналмилалию дохилӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Солиев Н.Н. дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳои самараноки идоракунӣ ва амалишавии Стратегияи рушди иқтисодиёти “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” баромад намуд.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Имрӯз - 5-уми ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ бо кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани раванди коргузорӣ дар пажӯҳишгоҳ ба «Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзои электронӣ» баргузор карда шуд.
Забони мавод
Тоҷикӣ
28-уми октябри соли 2025 дар сафоратхонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ал-Решайдон бо директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зайниддинзода С. Ҷ. баргузор гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Яке воситаҳои таҳкимбахши ҳамкориҳои байналмилалии мутақобиланд судманди кишварҳо баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-амалӣ бо иш-тироки васеъи олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Забони мавод
Тоҷикӣ