December 2023

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

Submitted by WWW.PITI.TJ on Sunday, December 31, 2023 - 6:00pm

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик мегӯям.

Ба хурду бузурги сокинони мамлакат саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям.

Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ иброз доштам, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид.

Дар Паём дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зикр гардиданд.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32204

ПОЗДРАВИТЕЛЬНОЕ ПОСЛАНИЕ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, ЛИДЕРА НАЦИИ УВАЖАЕМОГО ЭМОМАЛИ РАХМОНА ПО СЛУЧАЮ НАСТУПЛЕНИЯ НОВОГО 2024 ГОДА

Submitted by WWW.PITI.TJ on Sunday, December 31, 2023 - 6:00pm

Дорогие соотечественники!

Искренне поздравляю всех вас – славный народ независимого Таджикистана и наших зарубежных соотечественников с наступлением Нового 2024 года.

Желаю всем жителям страны – от мала до велика – здоровья, счастья и благополучия.

Как я уже говорил несколько дней назад в своем Послании, 2023 год стал для нашей страны ещё одним удачным и запоминающимся годом, несмотря на очень сложную и неспокойную ситуацию в современном мире.

Манбаъ: 
http://president.tj/ru/node/32205

МУШКИЛОТИ АНДОЗБАНДЙ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНЙ

Submitted by Ҳайати тадорукот on Friday, December 29, 2023 - 2:14pm

МУШКИЛОТИ АНДОЗБАНДЙ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНЙ Ғафуров П.Ҷ. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва логистикаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Суроға: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, к.Нахимов 64/14. Зайниддинзода С. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ВРИС Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аннотатсия. Рақамикунонии босуръати иқтисоди ҷаҳон, ки тавассути технологияҳои пешрафта ва шабакаҳои коммуникатсионӣ ба вуҷуд омадааст, боиси пайдоиши моделҳои нави тиҷоратӣ ва имкониятҳо гардид.

Tajik

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Submitted by WWW.PITI.TJ on Thursday, December 28, 2023 - 4:00pm

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем.

Tajik

ПОСЛАНИЕ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН УВАЖАЕМОГО ЭМОМАЛИ РАХМОНА «ОБ ОСНОВНЫХ НАПРАВЛЕНИЯХ ВНУТРЕННЕЙ И ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ»

Submitted by WWW.PITI.TJ on Thursday, December 28, 2023 - 4:00pm

Уважаемые члены Маджлиси милли и депутаты Маджлиси намояндагон!

Дорогие соотечественники!

2023 год для Таджикистана, несмотря на беспрецедентное осложнение ситуации современного мира, а также изменение климата и его тяжёлые последствия – засухи и маловодье, которые в последние годы продолжаются в регионе, благодаря сплочённому и самоотверженному труду славного народа страны стал ещё одним успешным годом.

Russian

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Submitted by WWW.PITI.TJ on Thursday, December 28, 2023 - 4:00pm
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32191