Вохӯрӣ бо намояндагони «JICA»

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.
Submitted by WWW.PITI.TJ on Wednesday, July 24, 2024 - 3:55pm

     Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо коршиноси JICA Танабе Хидеки мушовир оид ба идоракунии рушди «Котиботи Шӯрои миллии рушд»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хайринисо Расулова мушовири JICA вохӯрӣ баргузор гардид.
     Дар рафти вохӯрӣ Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зайниддинзода С.Ҷ. оид ба дастовардҳои илмию таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳ ва самти корҳои илмӣ маълумоти муфассал дод.
Танобе Хидеки оид ба ҳамкории тарафайн ва тайёр намудани мутахассисон дар самти такмили ихтисос дар Ҷопон изҳори омодагӣ намуд.
     Сипас Танобе Хидеки ва Хайринисо Расулова аз шароити кории кормандони Пажӯҳишгоҳ дидан намуда бо олимони Пажӯҳишгоҳ дар мавзӯъҳои марбут бо ҳамкорӣ изҳори ақида ва гуфтугӯй намуданд.

Маълумоти бештар дар бораи фаъолияти «JICA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tajik