МУЛОҚОТ БО САФИРИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ДУШАНБЕ

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.
Submitted by WWW.PITI.TJ on Tuesday, October 28, 2025 - 4:15pm

28-уми октябри соли 2025 дар сафоратхонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ал-Решайдон бо директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зайниддинзода С. Ҷ. баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои тарафайн дар самти корҳои илмию таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муҳатарм Валид ибни Абдураҳмон Ал-Решайдон таъкид доштанд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамеша омода аст, ки кумаки амалии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмии ҳарду кишвар расонад.

Директори пажӯҳишгоҳ Зайниддинзода С. Ҷ. қайд карданд, ки мо метавонем дар доираи имконияти ҷойдошта робитаҳои мутақобилан судмандро байни пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии ҳарду кишвар ба роҳ монем.

Ҳамин тариқ, дар анҷоми гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат нақшаи корҳоро вобаста ба масъалаи дар боло зикргардида омода намуда, онро мавриди амал қарор медиҳанд.

Tajik