Ҷамъомади кормандони Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.
Submitted by WWW.PITI.TJ on Friday, November 14, 2025 - 4:40pm

14 ноябри соли 2025 ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ ҷамъомади тантанавии кормандон баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳайати роҳбарият, олимон, муҳаққиқон ва кормандони воҳидҳои сохтории Пажӯҳишгоҳ ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро директори Пажӯҳишгоҳ Зайниддинзода С.Ҷ. ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ - сиёсӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии кишвар таъкид намуда, иброз доштанд, ки сиёсати хирадмандона ва стратегии Сарвари давлат заминаҳои устувор барои рушди илм, таҳқиқот ва ҷалби кадрҳои ҷавони соҳибмаърифат шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар идомаи ҷамъомад кормандони Пажӯҳишгоҳ андешаҳои худро оид ба аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни эҳтиром ба давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи иқтисодиву иҷтимоӣ баён намуданд.

Дар анҷом, роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ таъкид кард, ки ҳайати илмӣ – таҳқиқотӣ минбаъд низ фаъолияти илмии босамарро идома дода, барои рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми шоиста хоҳад гузошт.

Ҷамъомад бо таҳкими эҳсоси масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ анҷом ёфт.

Tajik