МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.
Submitted by WWW.PITI.TJ on Friday, February 13, 2026 - 5:54pm

ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МД «ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИҚТИСОДӢ»

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми феврали соли 2026 семинари илмӣ-амалиро дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва имкониятҳои истифодаи он дар иқтисодиёт» доир менамояд.

Ба семинар кормандони вазорату идораҳои давлатӣ (Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе), Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало», ҶДММ «Таҳлил ва машварат», экспертони соҳаҳои иқтисодиёт ва технологияҳои рақамӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантон ва олимони ҷавон даъват карда мешаванд.

            Ҳадафи чорабинӣ - баррасии имкониятҳои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт ва таҳияи тавсияҳои илмӣ оид ба ҷорӣ намудани онҳо.

            Дар семинар масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

- зеҳни сунъӣ дар раванди таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамо;

- истифодаи усулҳои зеҳнии таҳлили додаҳо;

- таҳлили додаҳои калон дар иқтисодиёт;

- арзёбии хавфҳои молиявӣ ва қарзӣ бо истифодаи зеҳни сунъӣ;

- ошкор ва пешгирӣ намудани амалиётҳои қаллобӣ;

- дурнамои талабот ва идораи занҷири таҳвил;

- автоматикунонии қарорҳои идоракунӣ;

- истифодаи зеҳни сунъӣ дар банақшагирии буҷа ва андоз;

- низоми таҳлилии дастгирии қабули қарорҳои идоракунӣ;

- баланд бардоштани самаранокии танзими давлатӣ;

- таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- ҷанбаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ;

- масъалаи шаффофият ва боварӣ ба алгоритмҳо;

- ҳифзи додаҳо ва таъмини бехатарии иттилоотӣ;

       Забони семинар: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

       Шахси масъул: Саторова Индира Исломовна.

     Тел.: 938-08-96-06.

     Е – mail: indira.tj@bk.ru).

            Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14А, бинои МД «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 4 - ум.

 

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

Tajik